Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷавобгарии мамурӣ пешбинӣ карда шудааст.

Шаҳрванд А.А.Л. истиқоматкунандани деҳаи Хоҷахо, Ҷамоати деҳоти И.Сомонии ноҳияи Деваштич, барои риоя накардани талаботи моддаи 14 қисми 1 прим 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 07 августи соли 2023 бо моддаи 481 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Судяи суди ноҳияи Деваштич,
Завқиҷонзода М.


Шаҳрванд А.Ҳ.М. истиқоматкунандани деҳаи Метк, Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич, барои риоя накардани талаботи моддаи 14 қисми 1 прим 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 10 августи соли 2023 бо моддаи 481 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Раиси суди ноҳияи Деваштич,
Махсудӣ Фирўзҷон