Ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ

Санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишвари азизамонро инъикос менамояд. Бо шарофати ин санади муҳиму тақдирсоз мардуми кишвар аз оташи  ҷанги хонумонсӯз раҳоӣ ёфта, ҷонибҳои мухолифин ҳамдигарро аз нав бародарвор ба оғўш кашиданд.

Баъди ноил шудан ба сулҳу салоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамватанонамон муроҷиат намуда, таъкид дошта буданд, ки:  “бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонаи миллат айни мудаост, ки рузи 27-июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоемва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем…”

Ин пешниҳоди таърихӣ ва хиардмандона аз ҷониби аҳли ҷумҳурӣ дастгирии умум ёфт. Аз ин рӯ, ҳамасола мардуми диёр ин рӯзро ҳамчун як ҷашни миллӣ таҷлил  менамоянд.

Иқрор бояд шуд, ки сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон барои рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар хуб мусоидат кард.  Мутахасисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон 15 дастоварди кишвари моро дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо овардани рақамҳои мушаххас номбар намудаанд. Аз ҷумла, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтмони нотамоми НБО “Роғун” барқарор ва ва айни ҳол 2 агрегати он ба кор андохта истиқлоли энергетикиро вусъати тоза бахшид. Дар ин радиф таи 35 соли Истиқлоли давлатӣ маҷмӯъи маҳсулоти дохила зиёда аз    60 маротиба зиёд гардида даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 маротиба ва хароҷот бошад, 98 маротиба афзуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ гардиши савдои хориҷӣ 39 маротиба афзуда, теъдоди корхонаҳои саноатӣ аз 358 адади соли 1991 ба 2600 адад расидааст.

Дар ин муддат ҳамчунин ба рушди бахши хусусӣ эътибори калон дода шуд. Ин буд, ки айни ҳол зиёда аз 70 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 % пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамин бахш ташаккул ёфта, қариб 70 % аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол низ дар ин бахш машғули меҳнатианд.

Роҳбарияти олии мамлакат таи ин солҳо таваҷӯҳи худро ба соҳаи ҳаётан муҳим-маориф бодиққат равона сохт.  Илму маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат дастгирӣ ёфта, дар ин муддат наздик 3500 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 700 ҳазор ҷои нишаст сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин радиф теъдоди мактабҳои олии кишвар, ки то замони соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 13 адад буд, имрӯз наздик ба 50 ададро ташкил медиҳад. Табиист, ки шумори донишҷӯён низ афзуда аз 69 ҳазори соли 1991 имрӯз  ба 214 ҳазор расидааст.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ 40 ҳазор ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат тадрис мегиранд.

Дар радифи гуфтаҳои болоӣ бояд махсус таъкид созам, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро бе якдигар тасаввур кардан амри муҳол аст. Зеро, яке ба ҷумҳурӣ ва ҳалқи тоҷик соҳибихтиёрӣ бахшида бошад, дуюмӣ тавонист, оташи ҷанги бародаркуши бераҳмонаву ғоратгаронаро хомўш намояд.

Дар тӯли 35 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи наҷотбахши миллат, рўйдоди нодири таърихӣ, омили муҳимтарини муттаҳидсозандаи ҷомеа, унсури асосии андеша ва худшиносии миллӣ ва ниҳоят воситаи муҳими таҳкими давлатдории навини тоҷикон гардид.

Яке аз заминаи муҳимтарини расидан ба Сулҳу Ваҳдат ин бо сарварии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 қабул шудани қонуни асосӣ, яъне  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки тибқи хулосаи коршиносони сатҳи байналмилалӣ имрӯз яке аз Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Он шабу рӯзҳо Сарвари давлат бамаврид таъкид намуда буданд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар воқеан ҳам ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии сулҳ гардид. Ин гуна таҷрибаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло чун намунаи ҳалли низои дохилӣ эътироф шудааст».

Дар давраи амал ва такмилёбии меъёрҳои Конститутсия дар ватани мо риояи принсипи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ таъмин карда шуда, то имрӯз зиёда аз 15 қонунҳои конститутсионӣ, наздик 20   кодексҳо ва зиёда аз 300 қонунҳо қабулу мавриди амал қарор гирифтаанд, ки санадҳои ҳуқуқии мазкур тамоми муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим ва барои таъмини сулҳу субот, оромӣ дар ҷомеа саҳми беандоза доранд.

Бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаи устувори таҳкими сохтори давлатдорӣ пайдо гардида, тинати сулҳпарвару заковати баланди халқи тоҷик ва Сарвари хирадманди он исбот шуд. Имрўз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки таҷрибаи Тоҷикистон бобати дар фосилаи кўтоҳи таърихӣ хомўш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар ягон кишвари дунё, ки ба чунин ҳолат гирифтор аст, ба назар намерасад.

Хушбахтона, имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз насли ҷавон то калонсолон аҳамияти ваҳдатро хуб дарк менамоянд ва қадру манзалати он байни мардум сол то сол баланд мегардад. Зеро, воқеаҳои фоҷиабори Сурия, Ироқ, Яману Миср, Афғонистон ва Украина, ки ба сари мардуми ин давлатҳо рўзҳои ниҳоят сахту сангинро ба бор овардааст, сабақи зиндагӣ барои тамоми мардуми сайёра аст. Мо имрӯз фаромуш намесозем, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ин фоҷиаҳо ба сари мардуми мо низ омада буданд ва ғояи Ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа хизмати бузургро анҷом дод. Аз ин лиҳоз, мо бояд Ваҳдати миллиро ҳамчун ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон ба насли ҷавон ва ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ва он бояд ба як унсури худшиносии миллӣ табдил ёбад.

Фируз Махсудӣ, раиси Суди ноҳияи Деваштич