26 октябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба муносибати Рўзи кормандони мақомоти судӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони мақомоти судиро бо иди касбиашон табрик гуфта, қайд намуд, ки мақомоти судӣ яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, таъмини адолати судӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фаъолияти мақомоти судӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин давра барои рушду таҳкими мақомоти судӣ якчанд барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд. Ин барномаҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.
Дар охир ба як қатор кормандони пешқадам Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуда, барномаи консертӣ пешниҳод гардид.