РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ


   Имрӯз, 25 октябри соли 2023 Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода ба Суди ноҳияи Деваштич ташриф оварда кулли кормандони Суди ноҳияро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулу бошараф барору комёбӣ таманно намуданд. Бояд қайд намуд, ки амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятнок мебошад, ки ба зиммаи мо судяҳо вогузор карда шудааст.
   Дар зимни суханронӣ худ Раиси ноҳия иброз карданд, ки 21 январи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироти дахлдор ворид гардида, 26 октябр расман ҳамчун – Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ эълон карда шуд. Аз ҷумла, барои рушди мақомоти судӣ чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.
Дар фарҷом ба якчанд нафар барои фаъолияти софдилона ва бовиҷдонона дар татбиқи амалии адолати судӣ ва таҳкими ҳокимияти судӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ бо сиписномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.