Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Ҳамасолаи санаи 26-уми октябр дар мамлакат Рӯзи кормандони мақомоти судӣ чун яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҷамъомад баргузор гардид. Дар он раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода кулли кормандони мақомоти судри бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда ба кормандони суди ноҳия тӯҳфаҳои идона тақдим кард.