Қонуни миллӣ барои маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд саҳми арзанда дорад

Санаи 28 марти соли 2024 дар толори Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Деваштич, вохурии Раиси суди ноҳияи Деваштич Махсудӣ Фирўзҷон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич ва омўзгорони муассисаи мазкур баргузор гардид.

Аз ҷониби Раиси суд Махсудӣ Фирўзҷон ба иштироккунандагон моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва оид ба эълон шудани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ фаҳмонида шуд.