ХИЗМАТИ ВАТАН МОДАР ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОНПИСАР АСТ

Санаи 11 майи соли 2023 соати 09:00 дақақа дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳот Ғазантараки ноҳияи Девашти вохўрии судяҳои суди ноҳияи Деваштич Ризозода Ю.Р. ва Завқиҷонзода М. бо аҳли нишасти сокинони Ҷамоат анҷом дода шуд.

Дар вохўрии мазкур ҷалаб намудани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, уҳдадории ҳарбӣ-уҳдадории конститутсиониии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он ва моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ба мардуми деҳаҳо фаҳмонида шуда, дар охир аз тарафи судяҳо Ризозода Ю.Р. ва Завқиҷонзода М. ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои саҳеҳ дода шуд.