Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» дар кишвар саривақтӣ буда, он барои тарбияи дурусти ҷавонон ва пешгирии ҳамагуна ҳодисаҳои номатлуб равона карда шудааст.
Албатта мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Солҳои қаблӣ баъзи волидон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешуданд ва нисбати ҳаёту зиндаагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳр мекарданд. Ҳамин сабаб буд, ки дар ҷомеаи мо чансол қабл амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ бештар аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардид ва дар ин росто каммасъулиятӣ ба назар мерасид. Барои несту нобуд сохтани мушкилиҳои дар ин самт ҷоидошта ва сади роҳи ин ин ҳолатро гирифтан, инчунин ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани наврасон моҳи июли соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» дубора дар таҳияи нав қабул гардид. Ин қонун бо мақсади беҳдоши ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо ва тақвияти масъулияти падару модар тар таълиму тарбияи фарзанд қабул гардидааст.
Суди ноҳияи Деваштич 