Барои бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ фаъолият намудан ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

Шаҳрванд Т.Ш.Т. истиқоматкунандани деҳаи Овчӣ, Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич, дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 02 августи соли 2023 бо моддаи 510 қисми 2 -и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 680 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Раиси суди ноҳияи Деваштич,
Махсудӣ Фирўзҷон