Хизмати ҳарбӣ ӯҳдадории конститутсионии шаҳрвандон дар ҳимояи оромию осудагии Ватан ва марзу буми он ба ҳисоб меравад.Тибқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадороии умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шаҳрвандони ҷинси марди аз 18-сола то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки ӯҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани мӯҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шаванд.
Сафарбаршавии даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан дар асоси фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шуда, тибқи банди 5 – и он раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Комиссариатҳои ҳарбӣ бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ” даъвати муташаккилонаи шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад.
Ҳар як шаҳрванди ба Ватан содиқ дарк мекунад, ки яке аз рукнҳои асосии ҳастии давлат ва пойдории сулҳу субот ин Артиши Миллӣ мебошад. Имрӯз бо дарки ифтихору шараф ва ӯҳдадории ҳатмӣ будани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафи ихтиёриён беш аз пеш зиёд гардад ҳам, вале аз хизмат саркашӣ кардани бархе ҷавонон гуноҳи нангин мебошад.
Даъватшавандагон ӯҳдадор ҳастанд, ки тибқи даъватномаи ирсолнамудаи Комиссариати ҳарбӣ ба муоинаи тибби комиссияи даъватӣ ва барои фиристодан ба қисми ҳарбӣ ҳозир шаванд ва дар комиссариати ҳарбӣ то сафарбар шудан қарор гиранд.
Барои ҳозир нашудани даъватшавандагон танҳо асосҳои дар Қонун пешбинишуда узрнок ҳисобида мешавад. Бе сабабҳои узрнок мувофиқи даъватномаи Комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани шаҳрванд хилофи моддаи 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” буда дар ин сурат шаҳрванд аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ карда ҳисобида мешавад ва мутобиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Инчунин дар қонунгузорӣ муқаррар гардидааст, ки дар сурати барои сафарбарӣ ихтиёран ҳозир шудан даъватшаванда ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
Дар амсоли ин парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қ.С. дар Суди ноҳия баррасӣ гардид. Даъватшавандаи мазкур дар асоси протоколи комиссияи бақайдгирии ҳарбӣ дар комиссириати ҳарбии ноҳия ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта шуда, лоиқ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дониста шудааст ва аз комиссияи тиббии даъватшавандагон гузаронида шудааст.
Ба ӯ тибқи забонхат ва имзои шахсӣ оид ба ҳозир гаштан ба комиссариати ҳарбии ноҳия баҳри сафарбар шудан барои хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъватнома супорида мешавад. Аммо Қ.С. пас аз гирифтани даъватнома, қасдан, дидаю дониста аз сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ бе асосҳои қонунӣ барои аз хизмат озод намудан саркашӣ намуда, дар рӯзи муқараргардида ба нуқтаи ҷамъомади ноҳиявӣ ҳозир нашудааст.
Оқибат кирдори номатлуби ӯ бо парвандаи ҷиноятии аз тарафи Прокуратураи ноҳия мураттабшуда дар маҷлиси судӣ баррасӣ гардида бо моддаи 343 қисми 1 – и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда ба ӯ бо ҳамин қисми модда бо татбиқи моддаи 63 қисми 1 КҶ ҷазои сазовор таъин карда шуд.
Хотиррасон кардан ҷоиз аст, ки ҷазо додан ин мақсади ниҳоӣ набуда, бояд пешгирӣ намудани ҷиноят аз ҷониби нафақат мақомоту ташкилотҳои дахлдор балки аз ҷониби ҳар як аҳли ҷамъият ба роҳ монда шавад, то ки шаҳрвандон ба хусус ҷавонону ноболиғон, хонандагони мактабҳо чунин гуноҳ содир намуда ҷазо нагиранду таъсири баъди он ба ҳаёти ояндаашон нарасад.
Юсуф РИЗОЗОДА, судяи Суди ноҳия
Суди ноҳияи Деваштич 