Риоя накардани қонун ҷавобгарии маъмуриро дорад

Шаҳрванд Ҳ.И. Ҳ. истиқоматкунандани деҳаи Зарнисор, Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич, дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 25 апрели сол 2023 бо моддаи 90 -и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 204 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Судяи суди ноҳияи Деваштич,
Завқиҷонзода М.,


Шаҳрванд Р.С.Б. истиқоматкунандани деҳаи Росровут, Ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич, дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 14 апрели сол 2023 бо моддаи 329 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 340 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Раиси суди ноҳияи Деваштич,
Махсудӣ Фирўзҷон


Шаҳрванд Қ.А.Б. истиқоматкунандани деҳаи Овчӣ, Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич, барои риоя накардани талаботи моддаи 14 қисми 1 прим 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 27 апрелисол 2023 бо моддаи 481 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7480 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Судяи суди ноҳияи Деваштич,
Ризозода Ю.Р.